барқвор — [بر ق وار] 1. мисли барқ, барқмонанд, барқосо 2. маҷ. бисёр тез, тезу тунд, ниҳоят босуръат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
басуръат — [بسرعت] ниг. босуръат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бошиддат — [باشدت] 1. шиддатнок, сахт, босуръат, тез: борони бошиддат, сели бошиддат, нафаскашии бошиддат 2. баланд, шунаво (доир ба овоз) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бошитоб — [باشتاب] шитобон, босуръат, тез, зуд: кори бошитоб, бошитоб роҳ гаштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гурехтан — [گريختن] 1. шитобон дур шудан аз назди касе ё аз чизе, давида (тохта) рафтан аз ҷое, босуръат дур шудан; барои халос шудан аз таъқибу қайди касе ё чизе аз ҷое ба ҷои дигар бошитоб рафтан, фирор кардан 2. дур шудан, канор ҷустан, худро дур… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯрогӯр — [گوراگور] босуръат, тунд, тез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғундор — [غندار] асоси замони ҳозира аз ғундоштан; ҷамъ кардан; ғундор ғундор тез ғундоштан, ҷамъоварии босуръат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дав-давон — [دودوان] тозон, давида, тохта; босуръат, тез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давидан — [دويدن] 1. тохтан, тозон рафтан; босуръат рафтан; давидани гӯсола то каҳдон (мақ.) 2. маҷ. давуғеҷ кардан, давутоз кардан, бисёр рафтуой кардан; кӯшиш кардан (барои ба даст даровардани чизе): ба ҳар тараф давидан 3. маҷ. пайдо шудан, намоён шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давон — I [دوان] феъли ҳол аз давидан; тозон, тохта, давида, дар ҳолати давидан: давон омадан, давон рафтан; давон давон босуръат тохта, тез давида; давон шудан давидан; давида рафтан; равон, ҷорӣ II [دوان] ағба, кӯтал … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ